Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Sada El Balad", Владимир Путин, раисҷмҳури Русия гуфт: кумитаи таҳқиқ дар Чичен мукаллаф ба анҷоми таҳқиқ дар ин бора шудааст.
Путин ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамонтавр, ки вазири додгустарии Русия гуфтааст: муттаҳам ба қуръонсӯзӣ, даврони маҳкумияти худро дар амокуни боздоштӣ воқеъ дар яке аз манотиқи мусулмоннишини Русия хоҳад гузаронд.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин фарди боздоштшуда ба иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар "Волгоград" ба маркази боздошт ва муҳокима дар Грозный, пойтахти Чичен мунтақил шуда буд.
Константин Чивченко, вазири додгустарии Русия пеш аз ин дар ин бора гуфта буд агар ҳукми маҳкумият дар бораи шаҳрванде, ки дар Волгоград ба дастури сервиси иттилооти Украина ба қуръонсӯзӣ иқдом карда буд, содир шавад, бояд даврони маҳкумияти худро дар минтақаи мусулмоннишин бигузаронад.
Вазири додгустарии Русия афзуд: инки муттаҳам пас аз судури ҳукми қазоӣ алайҳи вай дар зиндоне дар яке аз манотиқи Русия, ки аксарияти ҷамъияти он мусулмон ҳастанд, даврони ҳабси худро сипарӣ кунад, ба ӯ ёд медиҳад, ки чигуна бояд ба адён ва эҳсосоти динии мӯъминон дар кишварамон, ки як кишвари соҳиб шаҳрвандони кишвари чанди миллиятӣ ва чанд динӣ аст, эҳтиром гузошт.
Дар 19 май як клипи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки дар он марде дар ҳоли сӯзондани нусхае аз Қуръон дар муқобили масҷиде дар минтақаи Волгогради Русия аст, ки дар натиҷа кумитаи таҳқиқоти Русия як парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ба иттиҳоми тавҳин ба эҳсосоти мӯъминон боз кард.